Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъйин гардидани як зумра кадрҳо ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ

104

17-уми апрели соли 2023, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.101

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ин ниҳоди давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуданд.

102Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд.103
Аз он ҷумла:
- генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор;
- полковники милитсия Салимбойзода Довар Салимбой ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло ба вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
- полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷафар Комил ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода;
- полковники милитсия Алихон Рустам ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- полковники милитсия Зубайдзода Хайрулло Маҳмуд ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Маҳмадризо Ҷамшед Маҳмадулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;
- полковники милитсия Зубайрзода Ҷамшед Абдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд;
- полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Каримзода Абдураҳмон Ҳаким ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Тағойзода Сафарали Хол ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Шарифзода Хушвахт Саид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба вазифаи сардори Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Ибодзода Шодихон Ибод ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лахши Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;
- подполковники милитсия Амридинзода Ҷумахон Амридин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Одиназода Шоди Лоҳутшо ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд;
- подполковники милитсия Ҷумъазода Ҷонибек ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд;
- капитани милитсия Умарзод Муҳаммад Мирзоҳайдар ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд.
Дар хотима Пешвои миллат ба ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар роҳи таъмини адолат ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ барору комёбӣ орзу намуданд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика