Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт

98

14-уми апрели соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар давоми се моҳи соли 2023 баргузор гардид.99
Дар ҷаласа сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, муовинони сардори раёсат, сардорони ШВКД-ҳо дар минтақа ва ноҳияҳои мазкур, ҳайати шахсӣ ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
100Дар рафти ҷаласа, масъалаҳои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати риояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, муносибату муоширати хуб бо мардум ва робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика