Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД

93

10 апрели соли 2023, бахшида ба таъсисёбии 30-солагии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисмҳои ҳарбии 5453 ва 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ташриф оварда, дар чорабиниҳои тантанавӣ иштирок намуд.94
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои ободонию созандагӣ ва шароити хизматии афсарону сарбозон дар қисми ҳарбии 5453 боздид ба амал оварда, аз хобгоҳи сарбозон, ошхона, ҳаммом, ҳолати мумфаршкунии роҳу пайроҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ шиносоӣ пайдо намуд.
95Дар идома, Вазири корҳои дохилӣ ба қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, дар чорабинии ҷашнӣ ба муносибати таҷлили ин санаи таърихӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Мавсуф зимни баромад тамоми афсарону сарбозон ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилиро бахшида ба ин санаи хотирмон табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷузъи таркибии Артиши бонуфуз ва пуриқтидори кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳисоб рафта, саҳми сарбозону афсарони он дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу бум, оромӣ ва сулҳи комили Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас мебошад.96
Ҳамчунин доир ба тарбияи сарбозон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, шароити мусоид барои обутоби бадан, варзиш, омӯзиши малакаҳои ҳарбии истифодаи силоҳу аслиҳаи ҷангӣ ва баргузории машқҳои тактикӣ-низомӣ дар шароити кӯҳсор ибрози андеша карда, аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ дар ҳифзи сулҳ ва якпорчагии кишвар ёдовар гардид.
97Дар ҷараёни ҷамъомади тантанавӣ бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомот ва собиқадорони Қӯшунҳои дохилӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ бо медали ҷашнӣ ва Раҳматномаю Сипосномаҳо мукофотонида шуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо гузашти низомии сарбозони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ анҷом пазируфт.
Бояд тазаккур дод, ки ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан ҳамеша барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити муосири хизматӣ омода буда, ба Ватан-Модар содиқона хизмат мекунанд.
Гул Маҳбуба,
Тоҷиддин Латипов.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика