Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бинои истиқоматии хизматии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

82

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии хизматии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлолро пас аз таъмиру тармим ва анҷоми корҳои навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои истиқоматӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар он барои зисту зиндагии кормандони мақомоти милитсия тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, тамоми хонаҳо бо лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор, қолину дигар ашё муҷаҳҳаз буда, хонаҳо пурра аз таъмир бароварда шудааст.83
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба як ҷуфт навхонадорон, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудаву ятими кулланд, калиди хонаи истиқоматӣ ҳадя намуданд. Барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ оилаи ҷавон ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннадорӣ карданд.
Президенти мамлакат ҳамчунин бо шароити бинои истиқоматӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дорои 55 хона буда, аз ин 40 хонаи истиқоматӣ 2-ҳуҷрагӣ ва 10 хонаи дигар 1-ҳуҷрагӣ мебошад. Ин ҳадяи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ниҳоди мазкурро, ки дар шаҳри Истиқлол фаъолият мекунанд, хушҳол намуд.
Қобили тазаккур аст, ки шароити зиндагонӣ ва имконияти хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат қарор дошта, тадриҷан барои фаъолияти босамари онҳо шароиту имконоти муосир фароҳам оварда мешавад. Хусусан таъмини оилаҳои низомиён бо хонаҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, ба ин васила шароити зисту зиндагонии онҳо ба тарзи чашмрас боло бардошта шудааст.
Дар ин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истиқлол як микроавтобуси хизматӣ туҳфа карда шуд.
Зимни суҳбатҳои самимӣ кормандони милитсия ва оилаҳои онҳо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ин гуна дастгириҳои пайваста масъулияти онҳоро барои иҷрои вазифаи хизматиашон боз ҳам дучанд менамояд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика