29 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони Бюроҳои Марказии Миллии Интерполҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки то 30 март идома меёбад.
Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, Директор оид ба ҳамкории глобалии Котиботи генералии Интерпол Абдулазиз Убайдулло, сардори БММ Интерполи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назриев Шаҳриёр Ҷурабекович ва намояндагони 16 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо сухани ифтитоҳӣ ба ҷаласаи мазкур ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфт.
Зикр гардид, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир тамоми кормандони политсияро водор менамояд, ки дар якҷоягӣ фаъолият намуда, ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ як қадам пеш бошанд.
Аламшозода А.А. нақши ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо дигар сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Директор оид ба ҳамкории глобалии Котиботи генералии Интерпол Абдулазиз Убайдулло бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони 16 давлати ҷаҳон доир мегардад.Дар ҷаласа масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Ташкилоти байналмилалии Интерпол, амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибат дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>