Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

53

21-уми феврали соли 2023 дар толори театри давлатии Опера ва балети ба номи С.Айнӣ чорабинии идона ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ кистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.54
Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким ҳозирин ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро бахшида ба ин санаи хотирмону таърихӣ табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
56Дар чорабинии фарҳангӣ ҳунармандони ансамбли «Рақсу суруди Байрақи сурхдори Флоти Баҳри сиёҳ»-и Федератсияи Россия ва дигар ситораҳои шинохтаи ҷумҳурӣ бо сурудҳои ватандӯстона ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика