20-уми феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷумахон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Чорабиниро Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. ифтитоҳ намуда, тамоми кормандони соҳаро ба муносибати ҷашни 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр кард, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, дар фазои орому осуда ҷашн мегиранд.Сипас, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷумахон роҳбарият, афсарону сарбозон ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди кишвар буда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва ҷасорату фидокорӣ як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ - медалҳои «Ҷасорат», «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо рутбаҳои навбатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонида шуданд.Таъкид гардид, ки аз ҷониби Роҳбари давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонидани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишварамон мебошад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>