Тибқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №18/14 аз 10 ноябри соли 2021 оид ба иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва «Дар бораи маориф», 18 феврали соли 2023 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи дарси «Сарварони сиёсӣ» ба донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машғулият баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат Раҳимзода Р.Ҳ. зикр кард, ки имрӯзҳо бо талошу заҳматҳои хирадмандона ва сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии ҷавонон, эҳё намудани арзишҳои миллию фарҳангӣ, омӯхтани таъриху тамаддуни миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва дар ин замина дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону донишҷӯён ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки ҷавононро мебояд қарзи шаҳрвандии худро, ки маҳз таҳсили илму дониш ва саҳм гузоштан дар пешравии ҷомеа мебошад иҷро намуда, бо амалу рафтори намунавии худ шоистаи таҳсин ва ифтихори волидайну тамоми миллати тоҷик гарданд.
Дар рафти машғулият Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҳамзамон доир ба як қатор зуҳуроти номатлуб, пайравӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарою ифротгаро, рафтору гуфтори ношоиста, содир намудани ҷинояту ҳуқуқвайрокунӣ, бо автомашинаҳои шахсӣ ба донишгоҳ ҳозир гардидани донишҷӯён ва дигар кирдорҳои номатлуби дур аз фарҳанги миллӣ бо овардани факту далелҳои мушаххас маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, таъкид дошт, ки барои пешгирии чунин омилҳои номатлуб ҳар як нафар бояд саҳмгузор бошад.
Мавсуф ҳамзамон ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгириву ошкорнамоии амалу кирдорҳои номатлуб ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот низ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, ваҳдату ҳамдилӣ аз донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар як шаҳрванд вобастагии калон дорад. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттифоқ метавон ба ҳадафҳои созанда ноил гашт.
Дар идома таъкид гардид, ки ҷавобан ба ҳамаи шароитҳои муҳаёгардида, дастгирӣ ва ғамхориҳои Роҳбари давлат, донишҷӯёнро мебояд, ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ пайваста талош намоянд. Ҳамзамон ҷавонон бояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, фарҳанги дуруст истифода намудани онро дониста, вақти пурқиммати худро беҳуда сарф накунанд.Дар қисмати дигари машғулияти мазкур суҳбати озоду самимӣ байни Вазири корҳои дохилӣ ва донишҷӯён баргузор гардида, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.
Дар хотима, бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон як қатор устодону донишҷӯёни фаъол бо медал, Сипоснома ва Раҳматномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ гардиданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>