Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушду густариш ёфтани ҳамкориҳо дар самти варзишҳои обӣ

11

25 январи соли 2023 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Директори генералии Шӯрои олимпии Осиё, котиби генералии Кумитаи олимпии Кувайт, Президенти Ташкилоти «Варзишҳои обии ҷаҳонӣ» ҷаноби Ҳусайн Ал-Мусаллам ва ҳайати ҳамроҳонаш доир гардид.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаноби Ҳусайн Ал-Мусалламро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки бо дастгирию таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон соҳаи варзиш рӯ ба густариш ниҳодааст. Махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари обҳои мусаффост, намудҳои гуногуни варзишҳои обӣ ва шиноварӣ рушд намуда, боиси сафарозист, ки ташаббусҳои беназири Сарвари давлати тоҷикон «Об барои рушди устувор» 4 маротиба аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти рушду густариш додани намудҳои гуногуни варзишҳои обӣ, шиноварӣ, велосипедронии варзишӣ, заврақронӣ, варзиши сабук, гуштин ва дигар мавзӯъҳои мубрам таболуди афкор намуданд.

26

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика