19 январи соли 2023 мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу ба муносибати ба охир расидани ваколати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ ба фаъолияти Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу баҳои баланд дода, барои ҳамкориҳои судманд дар давоми фаъолияташ изҳори сипос намуд.
Дар навбати худ хонум Сезин Синаноғлу барои ҳамкории зич, махсусан дар соҳаи амнияти кормандони СММ ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мубодилаи афкор оид ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>