Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз қисми низомии 5453 ва тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба сарбозон

22

31-уми декабри соли 2022, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо шароити хизмативу маишии сарбозон ба қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, ташриф овард.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нахуст сарбозону афсарони қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии Соли Нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳативу саломатӣ ва дар пешбурди хизмат барору комёбиҳо таманно кард.

23

Зикр гардид, ки шумо ҷавонон, хушбахттарин нафароне ҳастед, ки дар давлати соҳибистиқлол, ободу зебо, орому осоишта кору пайкор намуда, таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор доред ва имрӯз бо дастгирии ҳамешагии Давлату Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ВКД тамоми шароити хизмативу маишии сарбозон муҳайё карда шудааст.

25
Вазири корҳои дохилӣ ба сарбозон таъкид намуд, ки аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида пурсамар истифода намуда, ба омӯхтани дониш ва забонҳои хориҷӣ машғул шаванд, саъю кӯшиш намуда аз курсҳои касбомӯзие, ки имрӯз барои онҳо дар қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шудааст, дуруст истифода карда, соҳиби касбу ҳунар гарданд.
Ҳамчунин, Вазири корҳои дохилӣ аз ошхона ва ҷойҳои таомпазӣ, ҳаммому ҷойи либосшӯӣ, амбори нигаҳдории маводи хӯрока ва хонаи қаровулии сарбозону афсарон, инчунин системаи ягонаи гармидиҳии муҷаҳҳазгардидаи қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ки ба таври замонавӣ пурра таъмиру таҷдид гардида, бо тамоми лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, дидан карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.

24

Гул Маҳбуба, Раҷаббек Илёсов.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика