30 декабри соли 2022, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро варзишгарон - лейтенанти милитсия Миҷгона Самадова ва лейтененти хурди милитсия Музаффарзода Меҳринозро, ки дар мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар шаҳри Белоярски Федератсияи Россия сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Вазири корҳои дохилӣ номбурдагонро барои ғолибият дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ ва Соли Нави мелодӣ табрику таҳният намуда, ба онҳо маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Бояд тазаккур дод, ки аз 5-ум то 11-уми декабри соли 2022 дар Федератсияи Россия мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни 17 кишвари истеҳсолкунандаи нафт баргузор гардид.
Корманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти милитсия Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг сазовори медали тилло ва тирандози калони ДТММ ВКД лейтененти хурди милитсия Музаффарзода Меҳриноз, ки ӯ низ иштирокчии ин чорабинии варзишӣ буд, бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Гул Махбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>