21-уми декабри соли 2022 бо иштироки роҳбарияти ВКД, собиқадорони милитсия, афсарону сарбозону Қӯшунҳои дохилии ВКД, падару модар ва наздикони аскарон маросими савгандёдкунии навдаъватшудагон доир гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ аскарон як-як Савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд.
Сипас, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс дар назди ҳозирин бо сухани табрикӣ баромад намуд.
Ба андешаи А. Насимзода, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар тамоми амалиётҳои муштараки сохторҳои қудратии кишвар оид ба безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаҳои гуногуни мамлакат фаъолона иштирок намуда, аз худ намунаи баланди мардонагӣ, матонат ва чолокии касбӣ нишон доданд.
- Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои дохилӣ имрӯз ба як сохтори тавоно ва замонавӣ табдил дода шуда, соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз ва таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошад.
Дар ин замина, аз соли 2012 инҷониб зери сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар кулли биною иншооти қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилӣ давра ба давра корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмирӣ ба роҳ монда шуда, шароити имрӯзаи будубошу маишии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар байни сохторҳои ҳарбии кишвар намунавӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Ин аст, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи биною иншооти 4 қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ баъди анҷоми корҳои таъмирию азнавсозӣ ба сатҳу сифати корҳо дар ин самт баҳои баланд доданд, - афзуд баромадкунанда.
Пӯшида нест, ки имрӯз ҷаҳонро хатари воқеии хурӯҷи терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таҳдид карда истода, ин омил ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти корҳои дохилиро барои тақвият бахшидани сатҳи омодабошии касбӣ, такмили савияи донишу маҳорат ва зиракию чолокӣ водор менамояд.
Афсарон, сержантон ва сарбозон бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромию осоиштагии диёри азизамон бар ивази ҷони садҳо нафар сарсупурдагони роҳи озодию истиқлолият ба даст омада, таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи он маҳз аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки мову шумо вобастагӣ дорад.
Ба замми омӯзиши маҳорати ҷангӣ ба сарбозоне, ки хоҳиши дар оянда ҳамчун афсар хизмат карданро доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишкадаҳои ҳарбӣ имтиёз муқаррар намудааст.
Ҳамзамон шурӯъ аз соли 2020 дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ба замми омӯзиши илми ҳарбӣ, сарбозон бо омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд. Пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат соҳиби сертификат шуда, соҳибкасб мегарданд.
- Имрӯз Шумо барои садоқат ба Ватан ва Сарвари давлат, садоқат ба халқи Тоҷикистон, ки аз ҷумла падарону модаронатон низ дар ин радифанд, тантанавор савганд ёд намудед.
Ин ҳар яки Шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба Савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед.
Вазифаи муҳимтарини Шумо наваскарони Қӯшунҳои дохилӣ ин аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак буда, ба Ватан, давлат ва миллат содиқ бошед, интизоми оҳанин, рӯҳи матин, иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед.
Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки хизмати содиқонаву ватандӯстона ва ҷасорату далерии Шумо аз ҷониби давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамеша ба таври шоиста қадрдонӣ карда мешавад.
Дар ин рӯзи таърихиву фаромӯшнашаванда Шуморо бо қабули Савганди ҳарбӣ муборакбод мегӯям, - таъкид намуд А. Насимзода ва ба сарбозону афсарон ва наздикони онҳо умри пурбаракат, хушбахтӣ, саодатмандӣ ва дар хизматашон муваффақиятҳо таманно намуд.
Сипас, маҳорати ҷангии ҷанговарони қисми навтаъсиси ҳарбии 3505 оид ба безарар гардонидани ҷинояткорони махсусан хавфнок, ҷанги тан ба тан ва дигар машқҳо намоиш дода шуда, гузашти низомӣ бо иштироки сарбозону афсарон сурат гирифт.
Дар хотима тибқи фармоиши ВКД оид ба ҳавасмандгардонӣ, барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани малакаву маҳорати баланди касбӣ зимни таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба маросими савгандёдкунии даъвати тирамоҳии соли 2022 Қӯшунҳои дохилии ВКД оилаҳои афсароне, ки ҳангоми адои вазифа ҷони худро аз даст додаанд, ҳамзамон як қатор кормандон ва сарбозони фаъол бо туҳфаҳои пулӣ, медалу нишонҳо сарфароз гардонида шуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>