Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»»

9

Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои баланд бардоштани сатҳи донишу илмомӯзӣ ва маърифатнокии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, воқиф гардидан аз таъриху фарҳанг, адабиёту маданияти бойю ғании миллати тоҷик озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи китоби Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар байни ҷузъу томҳои МКД баргузор гардид.
10Бояд қайд кард, ки раванди баргузории озмун ва шаффофияти он таҳти назорати қатъии роҳбари аввали ВКД, аъзоҳои комиссияи назоратӣ, аз Академияи ВКД ва сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»-и назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳасан Шерализода қарор гирифт ва ба ҳар як иштирокчии озмун дуруст баҳогузорӣ шудани ҷавобҳояшон баръало айён буд.
Дар ин замина, 16-уми декбари соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи ВКД даври ниҳоии Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»» доир гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки озмуни мазкур идомаи мантиқии тадбирҳо дар роҳи ривоҷ додани китобдорию китобхонӣ дар мамлакат мебошад. Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки даври аввали Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»» дар байни тамоми кормандони ҷузъу томҳои МКД баргузор гардид, ки аз ин миён 20 нафар ба даври ниҳоии он роҳхат ёфта, имрӯз байни ҳам рақобат намуданд.
Аз ҷониби Комиссияи махсус таъсис додашуда муайян карда шуд, ки ҷойи аввалро майори милитсия Шарифзода Хусрав Акбарпур –нозири калони гуруҳи таҳлилӣ ва корҳои статистикии Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт, ҷойи дуюмро майори милитсия Ҷуразода Шамшод Кенҷа муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт ва ҷои сеюмро майори милитсия Бахтиёри Ҷунайд –нозири минтақавии ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав ишғол намуданд.Ба ғолиби ҷойи якум 3000 сомонӣ, ба ғолиби ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ба ғолиби ҷойи сеюм 1000 сомонӣ супорида шуд.

11

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо он аст, ки ҳар як шаҳрванд, хоса наврасону ҷавонон на танҳо кӣ будани аҷдодони худро донанд, ҳамчунин осори гаронарзиши гузаштагон ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Ин амалҳо замоне имконпазир мегардад, ки ҳамаи мардум рӯ ба омӯзиш ва мутолиаи китоб оранд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба дигар иштирокчиёни Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»» аз ҷониби роҳбарияти Вазорат Сипосномаву Ифтихорнома ва Раҳматномаҳо тақдим карда шуданд.

12
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика