5 декабри соли 2022 бахшида ба рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ сараввал тамоми кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро ба муносибати ҷашни касбӣ табрику муборакбод намуда, аз корнамоӣ ва ранҷу заҳмати кормандони ин ниҳод дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ёдовар гардид.
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки ба души кормандони Воҳидҳои таъиноти махсус вазифаҳои басо душвору масъулиятнок, ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вогузор гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ва мулоқот бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ пайваста аз ранҷу заҳмат ва корнамоиҳои кормандони ин ниҳод дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ёдовар гардида, хизмати содиқонаву садоқатмандонаи онҳоро қадр менамоянд.
Дар хотимаи чорабинӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он бо медалу нишон ва Сипосномаву Ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>