18-19-уми ноябри соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар Конфронси вазирон ҷиҳати мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон ширкат варзиданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. доир ба чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо маблағгузории терроризм, тақвияти мудирияти сарҳадоти давлатӣ ва дигар мавзуъҳои мубрам ибрози андеша намуд.
Аламшозода А., инчунин дар ҷаласаи пленарии Конфронси мазкур суханронӣ карда, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва мубодилаи маълумоту таҷриба дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузорӣ ба он даъват ба амал овард.
Ҳамзамон дар ҳошияи конфронс мулоқоти Аламшозода А. бо муовини Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Свагат Дас доир гардид. Зимни мулоқот имконияту роҳҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан муфид байни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккил, кочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноят, аз ҷумла тақвияти иқтидори миллӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>