Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарбозон пас аз касбомӯзӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд

WhatsApp Image_2022-11-15_at_18.50.39

Баҳри таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сарбозону наваскарон Вазорати корҳои дохилӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро дар қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ роҳандозӣ намудааст, ки барои соҳибкасб шудани сарбозон мусоидат менамоянд.

WhatsApp Image_2022-11-15_at_18.50.44

Дар курсҳои касбомӯзӣ сарбозону наваскарон соҳиби ихтисосҳои ошпаз, нонпаз, сартарош, кандакор, устои барқ, устои таъмири муҳаррики нақлиётҳо, дуредгар, кафшергари барқӣ ва сантехник гардида, ҳамчунин ба курсҳои бозомӯзии компютерӣ ва забонҳои русӣ ва англисӣ фаро гирифта мешаванд.
Муҳлати таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ се моҳ муқаррар гардида, баъди аз худ кардани нозукиҳои касб ба сарбозон шаҳодатнома (сертификат) супорида мешавад.
15 ноябри соли 2022 дар идомаи ин иқдом дар қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ва Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ генерал-майор Рауфзода Суҳроб Орзу маросими супоридани шаҳодатномаҳо доир гардид.

WhatsApp Image_2022-11-15_at_18.50.41

Мавриди қайд аст, ки дар ин чорабинӣ пас аз анҷоми курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ 142 сарбоз соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода А.Ғ. сарбозонро ба муносибати хатми курсҳои касбомӯзӣ ва соҳиби шаҳодатнома гардидан табрику муборакбод намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

WhatsApp Image_2022-11-15_at_18.50.45




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика