10-уми ноябри соли 2022 дар толори театри давлатии Опера ва балети ба номи С.Айнӣ, чорабинии идона бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, ҳамзамон меҳмонон ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати ҷашни «Рӯзи милитсияи тоҷик» баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ ҳунармандони ансамбли «Сипар»-и ВКД ва дигар ситораҳои шинохтаи ҷумҳурӣ бо сурудҳои ватандӯстона ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>