Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, 10-уми ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бинои нави Қисми мустақили 14-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мазкур иборат аз ду ошёна, 11 ҳуҷраи корӣ, толори варзишӣ, синфхонаҳои замонавӣ, нуқтаи маркази алоқа, ду хобгоҳ барои 20 нафар ва ошхонаи замонавию маҷлисгоҳ буда, бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Инчунин, саҳни бино бо зиёда аз 800 дона гулҳои рангоранг ва 30 дона дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандони хадамоти мазкурро барои содиқона хизмат намудан ба Ватан, пешгирии сӯхтор, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>