Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Вазорати корҳои дохилӣ

WhatsApp Image_2022-11-09_at_19.49.26

Дар толори асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни милитсияи тоҷик бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

WhatsApp Image_2022-11-09_at_19.49.28

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадоронро бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия табрику муборакбод гуфта, ба онҳо дар корҳои басо пурифтихору масъулиятнокашон барору комёбиҳо орзу намуд.

WhatsApp Image_2022-11-09_at_19.49.29

Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ як қатор кормандон барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсия» бо рутбаҳои навбатӣ ва медалу Ифтихорномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.

WhatsApp Image_2022-11-09_at_19.49.30




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика