Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ ҷамъбаст ва ғолибон муайян шуданд

IMG 8935

Тавре қаблан иттилоъ дода будем аз 3-юм то 5-уми сентябриисоли 2022 дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд 4-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид.
Ин чорабинии варзишӣ бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии кишвар, дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади рушду оммавияти ин намуди варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарони шиновар роҳандозӣ карда шуд.
Дар ин мусобиқаи байналмиллалӣ беш аз 70 нафар варзишгарон аз Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Иштирокчиёни мусобиқа дар намудҳои тарзи озод, баттерфляй, брасс ва пуштноки шино кардан дар масофаҳои 50, 100, 200 метр ва эстафета малакаю маҳорати худро нишон дода барои дарёфти мақомҳои фахрӣ кӯшиш ба харҷ доданд.

IMG 8895

Мусобиқаи байналмилалӣ тайи се рӯз дар сатҳи баланди ташкилӣ идома ёфт ва дар ҳамаи намудҳо дар масофаҳои зикршуда ғолибону ҷоизадорон муайян шуданд.
Дар ҳайати даставӣ мақоми аввалро бо ба даст овардани 14 медали тилло ва 8 медали нуқра варзишгарони Федератсияи Россия соҳиб шуданд. Мақоми дуюм бо гирифтани 11 тилло ва 9 нуқра насиби дастаи Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон гардид. Варзишгарони Ҷумҳурии Беларус бо гирифтани 2 медали тилло, 5 нуқра ва 15 биринҷӣ соҳиби зинаи 3 шуданд. Тими мунтахаби кишвари мо 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷиро сазовор гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналхалқӣ бо медалу Ифтихорнома ва ҷоизаҳои Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

IMG 8939

Акбар Шарифӣ, майори милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика