Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ВКД

nag1

5 сентябри соли 2022 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ ба истиқболи 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

nag2

Ҷамъомади бошукӯҳи идона бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронии табрикии худ истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, ифтихор ва номуси ватандорӣ, асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон маънидод карда, тамоми кормандони милитсия, собиқадорон ва мардуми сарбаланди кишварро бо фарорасии ҷашни Истиқлол табрику таҳният гуфт.
Таъкид гардид, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати ҷаҳду талошҳо ва заҳмату меҳнати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Сипас, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло ҳозиринро ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, дар фазои идона ба як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мукофотҳои давлатиро супорид.
Ҳамчунин бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои соҳавӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома ва рутбаҳои махсуси навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

nag3

nag4

nag5

nag6

nag7

nag8

nag9
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика