Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолият ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд

pr12

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллии 31 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки тибқи анъанаи нек мо ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди истиқлолияти давлатӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, яъне афсарону сарбозони шуҷоъ ва содиқи Ватанро барои далериву ҷасорат ва хизматҳои шоёнашон дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон қадрдонӣ менамоем.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Роҳбари давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии олии ҳарбӣ сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишварамон мебошад.
Барои амалӣ гардидани барномаву нақшаҳои созанда, яъне таъмин намудани рушди устувор ва тараққиёти бомароми давлат амнияту субот, низому тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун омили муҳимтарин ба шумор меравад. Ин вазифаи муҳим, яъне ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва мустаҳкам намудани аркони давлатдорӣ ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар гузошта шудааст.
“Мо имрӯз бо ифтихор иброз медорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, бо садоқат ба халқу давлати Тоҷикистон ва савганди ёдкардаи худ иҷро карда истодаанд”, — таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Даврони соҳибистиқлолӣ, яъне 31 соли гузашта ва хусусан солҳои аввали истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ солҳои озмоиши ҳисси миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва иродаву матонат буданд. Дар ин давраи бисёр мураккабу ҳассоси таърихи давлатдории навини халқи тоҷик афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, муборизаи беамон бар зидди хоинони Ватан ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нақши барҷаста бозиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳоло мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи комил ба хотири ободии Ватан ва пешрафти давлат заҳмат кашида истодаанд. Дастовардҳое, ки то имрӯз мо ба онҳо ноил гардидаем, маҳз самараи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди қавӣ нисбат ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иброз доштанд, ки барои идомаи бомароми раванди созандагӣ ва ҷиҳати боз ҳам пешрафта гардидани давлати соҳибихтиёри мо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки сипари боэътимоди давлат ва ҳомии қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд, бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва омодаи ҳифзи амният, оромӣ ва суботи ҷомеа бошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, бо итминон изҳор доштанд, ки «шумо, афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки то имрӯз дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва волоияти қонун саҳми бузург гузоштаед, бояд минбаъд низ барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ ва зиндагии осудаи мардум ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳо омода бошед».
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок бештар аз 180 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи 1, ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус қадрдонӣ шуданд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 3 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-лейтенанти милитсия”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майор”, “генерал-майори адлия”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори хадамоти гумрук” ва “генерал-майори хизмати дохилӣ” супорида шуд.
Дар маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат бо эътимоди комил изҳор доштанд, ки «ҳар яки шумо дар оянда низ тамоми қудрату тавоноии худро барои ҳифзи Ватани маҳбубамон, ки шуморо дар канори худ парваридааст ва халқи Тоҷикистон, ки шуморо ҳомии зиндагии осудаву ороми худ медонад, дареғ намедоред».
Таъкид гардид, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ иҷро менамоянд.

p20

pr2

pr3

pr4

pr5

pr6

pr16

pr7

pr8

pr9

pr10

pr11

pr13

pr14




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика