Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои ободонӣ дар вилояти Хатлон

24 августи соли 2022 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафари хизматӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ташриф овард.

 viber_2022-08-24_18-24-32-806

Дар ҷараёни сафар Вазири корҳои дохилӣ бо лоиҳаҳои маҷмааи ҳавзи шиноварӣ барои кормандони милитсия, Маркази таълимии Раёсати Хадамоти оташнишонии ВКД дар вилояти Хатлон ва бинои маъмурии раёсати мазкур, ки оғози сохтмонашон дар рӯзҳои наздик дар назар аст, шиносоӣ пайдо кард.
Инчунин аз рафти корҳои ободонӣ дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон боздид ба амал оварда, ҷиҳати идома додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дастурҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон Вазири корҳои дохилӣ аз ДТММ дар вилояти Хатлон ва қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дидан намуда, бо хизматчиён ва афсарону сарбозон мулоқот доир намуд.

 viber_2022-08-24_18-24-53-346

Мавсуф онҳоро ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ як қатор дастуру супоришҳо дод.
Ҳамзамон сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ба Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба таври муфассал бо пешниҳоди ангораҳо гузориш дод.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика