Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Ангелика Шопп

22-юми августи соли 2022 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари намояндагии Миссияи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ангелика Шопп баргузор гардид.

 viber_2022-08-22_12-03-12-695

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. хонум Ангелика Шоппро барои таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрику таҳният намуда, барояш барору комёбиҳо таманно кард.
Зикр гардид, ки намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият дошта, дар ин муддат даҳҳо барномаҳоро дар самти ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ роҳандозӣ намудааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва ташкили семинару тренингҳои омӯзиширо барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Ангелика Шопп барои пазироии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба сатҳи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Дар хотимаи вохӯрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳо рушду густариш меёбанд.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика