Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Ахмеджанов Марат Муратович доир гардид.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ., Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистонро барои таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки мо аз густариш ёфтани раванди ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарор дошта, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва амнияти иттилоотӣ, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисос мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳорӣ боварӣ намуданд.
Гул Махбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>