Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон

 viber_2022-08-18_20-09-15-780

Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Нитянанд Рай баргузор гардид.

 viber_2022-08-18_20-09-47-172

Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. изҳор дошт, ки мо аз воридшавии давлати Шумо ба аъзогии Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2017 хушнуд шуда, итминони комил дорем, ки ҳамкориҳо дар доираи ин созмони бонуфуз ва ҳамчунин дар доираи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ рушду густариш меёбанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ ва амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика