Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи вазирони корҳои дохилии аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд

 viber_2022-08-18_19-20-23-736

18 августи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок ва суханронӣ кард.

 viber_2022-08-18_19-20-23-354

Дар ҷаласа вазирон ва намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ, инчунин мақомоти доимии СҲШ, намояндагони давлатҳои нозири СҲШ Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларусия, Муғулистон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ИНТЕРПОЛ, БҲМЗҶМ (БКБОП), Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ вазирони корҳои дохилӣ дар фазои ошкоро ва дӯстона доир ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа хостори тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи СҲШ тавассути вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узв бо назардошти афзояндаи бесуботӣ дар арсаи байналмилалӣ шуданд.
Онҳо таъкид карданд, ки густариши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, ҳамчунин дар заминаи ҳифзи сулҳу субот ва амният дар фазои СҲШ афзалиятнок ва муҳим аст.
Вазири корҳои дохилӣ генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронӣ изҳор дошт, ки мо бояд кушишҳои худро дар якҷоягӣ бар зидди се зуҳуроти номатлуб терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона намоем, зеро ин хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба фазои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай таҳдид менамоянд.
Тоҷикистон бо шарофати чораҳои саривақтӣ ва инчунин ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

 viber_2022-08-18_19-35-26-917

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир ҳамеша омодаи ҳамкорӣ аст.
Дар ҷараёни ҷаласа вазирон якдилона аҳамияти муколамаи ошкоро ва ҳамкории амалӣ дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро таъкид карданд.
Дар хотима, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протокол ба имзо расид.
Ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстӣ, эътимоди ҳамдигар ва ҳамкорӣ анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика