Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруя

3-юми августи соли 2022 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруя ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрӣ доир намуд.

660

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳанд овард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, низоми «Шаҳри бехатар» ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуданд.

659

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчунин ҷиҳати расонидани кӯмакҳои техникӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Япония изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ин кӯмаку ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамоянд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика