Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масоили мубориза бо терроризм

3-юми августи соли 2022 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Директори минтақавии Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Мирзаев Руслан Эркинович мулоқот доир намуд. Дар мулоқот ҳамчунин муовини Директори мазкур Голованов Артур Кадирович ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

657

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба масоили мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо табодули афкор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор кард, ки саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир беандоза аст. Ҳамчунин қайд гардид, ки ҳамкориҳо дар заминаи дӯстӣ ва рафоқати давлатҳо-иштирокчиёни аъзои ШОС боз ҳам тақвият меёбанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

658

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика