Вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Аики Тосихиро баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Аики Тосихироро барои таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрику муборакбод намуда, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён кард. Ҳамчунин қайд намуд, ки Япония дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати шуморо ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоем.
Дар ҷараёни мулоқот саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) барои таҳкими ҳамкорӣ махсус қайд гардид.
Дар навбати худ ҷаноби Аики Тосихиро зикр намуд, ки давлати Япония кӯшиш менамояд, ки ин ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд, зеро мардуми Тоҷикистон ва кишвари мо бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткориҳои фаромиллӣ, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>