Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

4O6A4291

28 июли соли 2022 мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лякин-Фролов Игор Семёнович ба муносибати ба охир расидани ваколати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва мо аз раванди афзояндаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия қаноатмандем.

4O6A4301

Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки «Мо ба фаъолияти Шумо ҳамчун Сафир дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирӣ дар давоми фаъолиятатон дар вазифаи Сафир изҳори сипос менамоем. Шумо заҳмат кашида, дар таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳоямон саҳми назаррас гузоштед».
Дар навбати худ ҷаноби Сафир барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика