Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо кормандони РВКД дар вилояти Хатлон

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, бо роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии раёсат ва ҷузъу томҳои он баргузор гардид.

i 5

Аламшозода А. бо дастури Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, риоя намудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди вилоят, инчунин пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятӣ, посдории волоияти қонун ва боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ як қатор супоришҳо дод.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки кормандони мақомоти милитсия бо дониши баланду малакаи касбӣ, муносибату муоширати хуб бо аҳолӣ ва дарки масъулияти баланди хизматӣ муносибатро ба роҳ монда, дар мубориза бо ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷиҳати саҳм гузоштан ба оромиву осоиштагӣ ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд.
i 6

Сардорони шуъбаҳо дар ҷараёни вохӯрӣ аз вазъи ҷинояткорӣ, ошкору пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо, тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва раванди самтҳои фаъолият маълумот доданд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика