Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматии сарбозон

0-02-03-d23c4891f5860ae38ecec04e3e187ba0716a5fa28e477f7d49e39bbb6b52b83e 85b0d0003ee54e9d

25-уми апрели соли 2022 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ташриф оварда, аз шароити хизматии сарбозону афсарон дидан намуд.
Зимни боздид ва шиносоӣ Вазири корҳои дохилӣ аз имконоту шароити фароҳамовардашуда изҳори қаноматмандӣ карда, масъулинро вазифадор намуд, ки ба обу тоби ҷисмонии сарбозону афсарон ва тамринҳои пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Дар ҷараёни боздид Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз шароити касбомӯзии сарбозон аз наздик шиносоӣ пайдо карда, ҷиҳати соҳибкасб гардидани онҳо ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд тазаккур дод, ки рӯз то рӯз шароиту имкониятҳо барои сарбозони кисмҳои низомии ВКД беҳтар гардида, сарбозон дар баробари машғул шудан ба тамрину машқҳои тактикӣ, ҳамзамон ба омӯзиши касб ва ҳунарҳои гуногун машғул мебошанд. Онҳо баъди хатми курсҳои махсус ҳунарҳои ошпазӣ, сартарошӣ, сохтмончӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ, таъмиргарони муҳаррикҳои нақлиётҳо ва кафшергариро омӯхта, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.

0-02-03-aab8674f106a38abeb07890e3808661db33d41d0c0dfe6f11b9047f39dc6b698 51e53f7cbbc18afb


Мавлонзода Ҷамшед, Манучеҳр Ҷамилов.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика