22 апрели соли 2022 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Баталиони хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи РВКД дар шаҳри Душанбе ва Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии Баталиони хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия вохӯрӣ доир намуда, зикр кард, ки ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони пойтахт, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ фаъолиятро пурзӯр намоянд.
Пас аз суҳбат бо кормандони ин ниҳод Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматбарӣ дар Баталиони хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия ва нақлиётҳои хизматии Баталиони мазкур, ки дар саҳни бино гузошта шуда буданд, дидан кард.
Ҳамзамон, Вазири корҳои дохилӣ ба Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, аз шароитҳои таълимии он аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати такмил додани донишҳои назариявӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>