Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон

7 апрели соли 2022 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассон ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрӣ баргузор намуд.

04

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо, аз қабили таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан ҷонибҳо ба вазъи кунунии Афғонистон ва густариши мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии бӯҳрони башардӯстона дар Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум барпо гардида, ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандӣ изҳор карданд.

2 5366236911054624151


Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика