Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо Филиппо Гранди

17-уми марти соли 2022 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҷаноби Филиппо Гранди ва ҳамроҳони ӯ мулоқот барпо намуд.

4O6A0062

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, барои таваҷҷӯҳӣ хоса зоҳир намудан ба масъалаҳои гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда изҳори миннатдорӣ кард.
Сипас, ҷонибҳо вобаста ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумак ба онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои дохилӣ дар ҷараёни мулоқот зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҷаноби Филиппо Гранди дар навбати худ аз истиқболи гарми Вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ин аввалин сафари ӯ ба ҳайси Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Қаблан ба Тоҷикистон дар солҳои 2000-ум ташриф оварда, аз пазироӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик шарафёб гардидааст.
Мавсуф дар идомаи суҳбат иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти қабулу ҷобаҷокунии гурезаҳо баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуд.
Ҳамчунин ҷаноби Филиппо Гранди аз иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ кард.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд ибрози боварӣ намуданд.

4O6A0089

Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика