Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд оид ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо

 viber_2022-03-14_17-55-53-202

14-уми марти соли 2022 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кӯмак ба онҳо табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд кард, ки мушкилоти гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон яке аз масъалаҳои душвор маҳсуб ёфта, барои қабули зиёди гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо кумаки Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар мадди аввал бояд «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда», воқеъ дар ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъмиру таҷдид гардида, шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таъмин карда шавад.
Дар робита ба ин Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди дар навбати худ ба Вазири корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки Намояндагии мазкур омода аст, дар мадди аввал бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун субъекти амалинамоии қабули гурезаҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҳамбастагию якҷоягӣ ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монад.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд боз ҳам таҳким меёбанд.

 

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика