Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушд ёфтани равобит ва ҳамкориҳо

0-02-05-bb21fd2fa55897f6b94133d6f76ce85495f3d0a0e8617dc5c2a206648687a403 431dcd12fc5341b3

10-уми марти соли 2022 дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо шаҳрдори шаҳри Теҳрон оқои Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори шаҳри Машҳад оқои Сайид Абдуллоҳ Ирҷоии Шерозӣ, шаҳрдори шаҳри Кирмон оқои Саид Шеърбофти Табрезӣ, шаҳрдори шаҳри Қазвин оқои Маҳдӣ Саббоғӣ, шаҳрдори шаҳри Буҷнурд оқои Ҷавод Ҳамидии Роварӣ, шаҳрдори шаҳри Арок оқои Алиризо Каримӣ ва шаҳрдори шаҳри Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Нодир Наврӯзӣ вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ инчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ ҳузур дошт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди робитаҳо, тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

0-02-05-17d1fc9be4c4685beb77d870a6fa2b850e588ae51b1295ac7bdee388656ba7d0 bcbcc6c708844836Гул Маҳбуба, подполковники милитсия

 

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика