Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Он ки аз арзу само болотар аст, модар асту модар асту модар аст!

IMG 8390

Рӯзи 7-уми март дар Академияи ВКД бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ВКД, собиқадорон ва кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми занону бонувони тоҷикро ба ин санаи фархуна, иди баҳору зебоӣ табрику таҳният намуда барояшон дар кору зиндагӣ барору муваффақият ва комёбиҳои нав ба навро таманно намуд.
IMG 8354

Саиднахш Раҳмонзода аз ҷумла зикр кард, ки зан-модар тимсоли ҳаёт, идомадиҳандаи насли инсон ва наҷотбахши одамон ба ҳисоб рафта, бо ҳузури худ дар зиндагӣ моро рӯҳу тавон мебахшад. Зан-модар худ эҷодкор, офаранда ва бунёдгузори ҳастии инсон мебошад.
Ҳамчунин мавсуф илова кард, ки нақши дастони пурэъҷози зан дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба назар мерасад. Боиси ифтихор аст, ки занон дар як саф бо мардон дар мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият намуда, дар баробари ба ҷо овардани рисолати модарӣ инчунин дар таъмини сулҳу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи манфиатҳои шаҳрвандон саҳми назарраси худро мегузоранд.
С. Раҳмонзода дар идома афзуд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 дарсади хизматчиёни давлатиро занон ташкил доданд. Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ занон дар чорабиниҳои фарҳангӣ, семинару машваратҳо иштирок намуда, ҳамзамон нисбати онҳо ғамхории пайваста зоҳир карда мешавад.
Дар хотима Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо боварӣ изҳор намуд, ки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ вазифа ва масъулияти хизматии худро бо ҳисси баланд, садоқат ба ватан, бо интизоми намунавӣ ва содиқ будан ба савганди касбӣ иҷро намуда аз уҳдаи ҳама гуна вазифаҳои ба зимма доштаашон бо сарбаландӣ мебароянд.
12412412

Бахшида ба Рӯзи Модар аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба зиёда аз 500 нафар кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорномаҳои фахрӣ, Сипоснома ва Раҳматномаҳо мукофотонида шуданд.
Дар ин чорабинӣ низ ба якчанд корманзанони фаъол туҳфаҳоли навбатӣ тақдим гардид.
Дар идомаи ин чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и назди ВКД ва сарояндагони шинохтаи кишвар баргузор гардида, онҳо суруду таронаҳои худро бо унвонҳои «Модар», «Модари ҷон», «Шамолак», «Қасам ба шири модар», «Ширинҷон», «Офтобам» ва «Рафтем рафтем» пешкаши ҳозирин намуданд.

IMG 8395
Тоҷиддин Латипов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика