Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи идона

IMG 8243

Бахшида ба Рӯзи Модар дар шафати бинои ВКД ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввал баргузор гардид. Пеш аз оғози ярмарка муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким кормандзанони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Иди Модар муборакбод намуд. С. Раҳмонзода иброз дошт, ки мо ифтихор менамоем, ки шумо занону модарон бо мо дар як саф истода, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳама гуна кирдорҳои номатлуб саҳми босазои хешро мегузоред. Ярмаркаи мазкур низ ба хотири қадршиносии кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ташкил гардидааст.
IMG 8251

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар арафаи баргузории ҳама гуна ҷашну маросимҳо аз тарафи роҳбарияти ВКД барои ҳайати шахсӣ чунин ярмаркаҳо гузаронида мешавад. Дар ин ярмарка маҳсулоти картошка, пиёз, сабзӣ, карам, равған, биринҷ, гӯшт, тухм, шакар ва дигар маҳсулот нисбат ба бозорҳои кишвар 40-50 фоиз арзон фурӯхта шуд.
Кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ аз чунин иқдом изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

IMG 8263

IMG 8250
Тоҷиддин Латипов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика