Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ дар РВКД ВМКБ

55

Бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, ҳайати шахсии Раёсат ҷузъу томҳои он, ҷавонони фаъол ва оркестри нафасии гарнизони шаҳри Хоруғ ширкат намуданд.

6

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Чорабинии тантанавиро сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод ҳусни оғоз бахшида, нахуст навори ҷолиб бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоятро ба Рӯзи ташкилёбии Артиши миллӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро самимона муборакбод намуда, барояшон осмони софу беғубори меҳани азизро таманно намуд. Гуфта шуд, ки 23-юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии ин ниҳоди муҳими низомӣ, ки зодаи истиқлолияти Ватан мебошад, расо 29 сол пур мешавад, ки дар масири таърих начандон роҳи зиёд аст. Қайд шуд, ки нахустин Паради ҳарбӣ 23-юми феврали соли 1993-юм баргузор гардида, дар таърихи навини давлатдорию давлатсозии тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳим ва ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт ва эълон карда шуд.Зеро бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат табдил ёфт.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод афсарон, сарбозон ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ин саннаи фархунда Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил муборакбод намуд.
Сардори РВКД дар ВМКБ он нуқтаро баён дошт, ки он миллате, ки Қувваҳои мусаллаҳи пуриқтидору обутобёфта дорад дар олам мавқеи худро соҳиб аст. Қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992-юм ба бунёди Артиши миллӣ дар зери хайма асос гузошт. Зеро миллати тоҷик дар масири таърих роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, бо ҷонбозиҳои фарзона фарзандони миллати худ бори дигар тавонистанд халқу миллати худро ҳимоя ва роҳбарӣ кунанд.
6666

Дар идома як қатор кормандони ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ бо маърӯзҳои пурмуҳтаво баромад карда, аз нақши Артиш дар таъмини ҳифзи дастовардҳои истиқлоли меҳан ибрози андеша карданд.
Ҷавонони фаъоли шаҳри Хоруғ бо қироати шеърҳои ватандӯстонаи худ бори дигар содиқ будани хешро нисбати Ватан-Модар ба аҳли толор нишон доданд.
Дар фарҷом ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар фаъолияти хизматӣ ба дастовардҳои шоиста ноил гардиданд бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.

 

Рустам Бегматзода, Далер Чоршанбе.

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика