Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

4O6A8963

Рӯзи 22-юми феврали соли 2022 дар қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким баргузор гардид. 

4O6A8977

Муовини Вазири корҳои дохилӣ сарбозон ва афсарони қисми низомии мазкурро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, зикр намуд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

4O6A9023

Иброз гардид, ки Артиши миллии кишвар дар тӯли мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад. Бо дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, ҳамчунин дар қӯшунҳои дохилии ВКД беҳтар гардида, тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.

4O6A8958

Ҳамзамон, зимни суханронӣ муовини Вазир иброз дошт, ки дар замони Истиқлолият бино ва иншоотҳои маъмурию хизматрасонии қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилии ВКД бунёд ва азнавсозӣ гардида, барои беҳдошти фаъолияти хизматӣ, истироҳату фароғат ва вазъи моддӣ-маишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор афсарону сарбозони қӯшунҳои дохилӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.
4O6A8961

Эҳсон Абдуллозода, Саидзода Муродали

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика