Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти хизматии кормандони милитсия дар соли 2021

IMG 7092

Рӯзи 2-юми феврали соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2021 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндагон ва рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

4O6A8172

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва амалҳои хилофи қонун изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дод.
Аз он ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 24 118 (2020 - 23 460) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шуда, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15 563 ҷиноят ошкор карда шудааст. Шумораи ҷиноятҳо нисбат ба соли 2020 - 658 ҳолат зиёд гардидааст (кушодашавии ҷиноятҳо бошад 80,5 фоизро ташкил медиҳад).
Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он - 103, роҳзанӣ - 38, ғоратгарӣ - 138, таҷовуз ба номус - 52, савдои одамон -52, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 150, авбошӣ - 1224, қаллобӣ - 3263, дуздӣ - 6425, ҷиноятҳои иқтисодӣ -3379 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 652 (2020 - 566) адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 48 адад автомат, 90 адад таппонча, 133 адад милтиқ ва карабин, 360 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои ВКД 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд
Дар ҷумҳурӣ соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 4 тоннаю 83 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира карда шудааст, ки 50 фоизи он ба мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд. Инчунин, беш аз 991 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда дарёфт ва несту нобуд карда шуд, ки миқдори умумии он 1 тоннаву 631 кг-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз тарафи ноболиғон 763 (2020 - 754) ва ҷавонон 4759 (2020 - 4913) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бар асари 1102 (2020-1109) садамаи нақлиётӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд.
Дар ҷумҳурӣ 1189 (2020-1300) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 10 (2020-25) нафар одамон фавтидаанд. Маблағи зарар 70 миллиону 820 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи молу ашёи эмин нигоҳдошташуда 498 миллиону 661 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Дар ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, фарҳангӣ, маданию варзишӣ, вохӯриҳо бо ҷомеа ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта, кофтукови ҷинояткорон, масъалаҳои гирифтани маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ, шиносномаҳои умумишаҳрвандии миллӣ, тамдид намудани мӯҳлати бақайдгирии симкортҳо, мусофиркашониҳои ғайриқонунӣ, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, раванди ислоҳоти милитсия, ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти корҳои дохилӣ бо давлатҳои хориҷӣ, доир гардидани Мушовараи якҷояи ВКД Тоҷикистону Россия ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод, самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, рӯзноманигорон ба саволҳояшон посухи мушаххас гирифтанд.

4O6A8157
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика