Рӯзи 31 декабри соли 2021 дар қисми низомии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2022 чорабинии идона бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозони ин қисми низомӣ баргузор гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов афсарону сарбозонро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадоми онҳо тандурустиву саодатмандӣ, бахти сафеду иқболи баланд ва рӯзгори хушу гуворо таманно намуд.
Мавсуф зикр кард, ки дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону сарбозон ва шароити хизматбарии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, онҳо дар шароити мусоид ба Ватан-Модар хизмат намуда, қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ муовинони Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ва генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким тӯҳфаҳои солинавиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозон тақдим намуданд.
Ҳамзамон, муовини Вазири корҳои дохилӣ Ҳамидзода Б.П. ба Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи собиқадорон ва кормандони милитсия, ки дар Госпитали Раёсати тиббӣ табобат гирифта истодаанд, аёдат намуд.
Мавсуф зимни тақдим намудани тӯҳфаҳои солинавӣ онҳоро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, ба онҳо сиҳатии комил таманно кард.
Дар навбати худ табобатгирандагон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ғамхорию дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Манучеҳр Ҷамилов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>