Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонон

0-02-04-ee01fb355aba837f1666b6e85e222698fe3773d2aeb8baf200f2f5128ccd0419 fdc984a80e79943b

22-юми ноябри соли 2021 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъоли кишвар баргузор гардид.

Вазири корҳои дохилӣ ҷавононро бахшида ин санаи хотирмон табрику таҳният намуда, зикр кард, ки Парчам рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик буда, имрӯзи моро ба ояндаи дурахшон мепайвандад ва миллати фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик ба он арҷу эҳтиром мегузорад. Зеро ҳифзи парчам ва эҳтиром гузоштан ба он нишони ҳувияти миллӣ ва ватандӯстдорӣ буда, шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ибтидои қабули Парчами давлатӣ ҳамеша онро муқаддас дониста, болафшон будани онро нишони зиндагии шоистаи хеш медонанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониш, ҳувияти миллӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, ватандӯстӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки ҷавонон бояд мафҳумҳои Ватан -Модар, муқаддасоти миллӣ аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллиро дарк намоянд ва вобаста ба онҳо бо ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватандустӣ бедору қавитар гарданд.
Он арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва тинҷию оромӣ, ки бевосита ба ҷонбозиҳо ва заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ҷавононро водор менамояд, ки давомдиҳандаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд ва барои рушду ободӣ ва пешравии кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷавонони фаъол баромад намуда, бо шукргузорӣ аз тинҷию осудагии кишвар изҳор доштанд, ки ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои Роҳбари Давлат ва шароитҳои фароҳамовардашуда омодаанд ба Ватан ва давлату миллат содиқона хизмат намоянд.

Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика