Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз машқҳои махсуси тактикии "Кобалт-2021"

IMG 5086

19 ноябри соли 2021 дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии "Кобалт-2021", таҳти унвони «Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ» баргузор гардид.

Нахуст, дар майдони сафороӣ намоиши яроқу аслиҳа доир гардид. Сипас, аъзои ситод рафти гузаронидани машқҳои махсуси тактикиро назорат намуда, ба баргузории чунин амалиёти дастаҷамъӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои террористию безараргардонӣ баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода ба иштирокчиён барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳои муштарак ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ изори сипос намуд.
Ба иштирокчиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд, аз тарафи намояндагони аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ медалу Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Инчунин, зери садои оркестри созию овозии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ Суруди миллии давлатҳои аъзо садо дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин чорабинӣ воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва Қувваҳои зудамали оперативии давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла намояндагони Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур аз 15-ум то 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

IMG 4969

IMG 5021

IMG 4907
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика