- Варзиш омили тавонотарин ва муассири нигаҳдории саломатӣ буда, дар ҳаёти ҳар як инсон нақши хеле муҳим дорад. Варзиш аз замонҳои қадим миёни ҷомеа ҷойгоҳи хосса дошта, машғулияти пурнуфуз ба ҳисоб рафта, кафили тарзи ҳаёти солим буду ҳаст. Инчунин, ба таҳкими дӯстии байни халқҳо ва муаррифии давлатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд, - гуфт муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким зимни мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2004-2006, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 17-19-уми ноябр бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии муассисаи давлатии Маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (МАНЕЖ), бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, таҳкими риштаҳои дӯстию рафоқат байни кишварҳои дӯсту бародари Осиёи Марказӣ доир гардида, дар он беш аз 70 нафар варзишгар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд.
Нахуст, таълимгирандагони маҳфилҳои бадеии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба хотири болидагии варзишгарон ва иштирокдорон ҳунарнамоӣ карданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии юнону румӣ меҳмонон, варзишгарон ва иштирокчиёнро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ба сарзамини меҳмоннавози тоҷикон хушомадед гуфта, афзуд, ки: “Гӯштини юнонию румӣ гарчанде таърихи куҳан дошта бошад ҳам, имрӯзҳо, махсусан дар байни варзишгарони ҷавони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ машҳур аст. Шумораи варзишгарон сол то сол зиёд шуда, дар арсаи байналхалкӣ натиҷаҳои назаррас нишон медиҳанд”.
Номбурда бо ниятҳои нек ба варзишгарон дар фатҳи қуллаҳои баланди варзишӣ пирӯзӣ, барору комёбиҳо ва саломатӣ таманно намуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа намояндагони Шӯрои байналхалқии ҳамоҳангсозии ташкилотҳои “Динамо” суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки ташкилотҳои динамочиёни мамлакатҳои иштирокчӣ ба инкишофи варзиш диққати махсус медиҳанд ва мусобиқаи мазкур бори дигар исбот кард, ки чизи аз ҳама муҳим, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мебошад. Аз ин рӯ, варзишгароне, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат меварзанд, барои таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ саъю кӯшиш мекунанд.
Ҳамин тавр, дар ҳайати даставӣ ҷойи 1-ум насиби дастаи шаҳри Душанбе, мақоми дуюм ба тими Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва зинаи сеюми мусобиқаро дастаи шаҳри Истаравшан сазовор гардиданд.
Ба ғолибони мусобиқаи байналмилаӣ дар вазъияти тантанавӣ Ҷому Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>