Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон машқҳои махсуси тактикӣ зери унвони "Кобалт-2021" бо иштироки воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва Қувваҳои зудамали оперативии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ зери назорати аъзоёни ситод идома доранд.
Чорабинии мазкур дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» то 19 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>