Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикони Федератсияи Россия

Имрӯз (16.05.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрии мазкур зиёда аз 60 намояндагони диспораҳои тоҷикон аз вилоятҳо ва шаҳрҳои Россия иштирок намуда, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авфи муҳоҷиратӣ – расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳайё кардани шароитҳо, ки имрӯз фароҳам оварда шудааст, расониданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони диаспораҳои тоҷикони Федератсияи Россия проблемаю мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Федератсияи Россия ба кору фаъолият машғуланд, ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иброз намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамаи тадбирҳо андешида шуда, проблемаю мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида мешаванд.

Сипас, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ як қатор намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия бо медалҳои «Барои ҳамкорӣ» ва Ифтихорномаҳои фахрӣ мукофотонида шуданд.
Вохӯрӣ озоду самимӣ баргузор гардида, дар фазои якдилию якдигарфаҳмӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Мавриди қайд аст, ки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои иштирок дар ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба шаҳри Сочи сафари корӣ доир намуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 

 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика